- зор
- I[زار]1. нотавон, заиф; оҷиз, бечора; хор, забун, беқадру қимат; ошиқи зор, зиндаву зор, зору мискин, зору низор, хору зор; ҳоли зор а) аҳволи ниҳоят бад, ҳолати риққатовар; б) маҷ. бадбахтӣ, шӯрбахтӣ2. бисёр; баланд, сахт: нолаи зор; зор гиристан бо нолаву фиғон гиристан, бо сӯзу гудоз гиря кардан3. сахт мӯҳтоҷ, эҳтиёҷманд; зор будан ба чизе а) ниҳоят мӯҳтоҷ будан ба чизе; б) сахт муштоқ будан ба чизе; зор мондан бекасу бечора дар роҳ мондан◊ очаи (модари) зори касеро нишон додан адаби касеро додан, ба ҷазои сазояш расондан (дар мавриди таҳдид мегӯянд); зор-зор гиристан бо тамоми овоз ё бо ғаму андӯҳ ва ғиреву фиғон нолидану гиристанII(зорр)[زار // زار]кит. зиёновар, зараррасон
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.